Парвиз Пулодӣ се моҳ пеш боздошт ва сипас бо гуноҳи ришвахорӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ (озори ҷинсӣ) ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш мегӯянд, муҳокимаи Пулодӣ бидуни ҳузури онҳо гузашт ва барои ҳамин дар бораи иттиҳом хабар надоранд, парвандаашро ҳам нашр накардаанд.
Парвиз Пулодӣ мудири муваққатии факултаи биология ва кимиёи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шаби 13 июн дар боздоштгоҳ фавтидааст. Падараш Рӯзибой Пулодов ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандашро рӯзи 14-уми июн дар ноҳияи Ашт ба хок супориданд.
Мақомот дар ин бора расман хабаре надодаанд, вале афроди огоҳ аз ҳодиса гуфтанд, Парвиз Пулодӣ бар асари фишори баланд ва бемории дил фавтидааст. Як манбаи Радиои Озодӣ гуфт: "Охири ҳафтаи гузашта дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 17 сол ҳукми зиндон эълон карданд, аҳволаш бад шуд ва дар боздоштгоҳ табибон натавонистаанд, ӯро аз марг наҷот диҳанд."
Рӯзибой Пулодов, падари ин устоди донишгоҳ гуфт, ки ҳарчанд ба муҳокимаҳои додгоҳӣ мерафтанд, вале додрас ба онҳо иҷозаи ширкат намедод ва аз ин рӯ ҷузъиёти парвандаро намедонад.
Парвиз Пулодӣ, номзади илмҳои кимиё 41 сол ва се фарзанд дошт ва дар дигар факултаҳои Донишгоҳи Хуҷанд ҳам кор кардааст. Баъди боздошти Парвиз Пулодӣ мақомоти интизомӣ ҳамчунин Аюб Усмонзода ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷандро низ боздошт карданд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, боздошти ректор ба ришваситонӣ рабт дорад ва эҳтимол парвандаи ҳарду ба ҳам вобаста аст.
Раиси Бунгоҳи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд моҳи феврали имсол Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муассисае номид, ки фасоди молӣ дар он ба авҷ расидааст. Ба иттилои оҷонсӣ, танҳо дар соли 2024-ум 49 мавриди фасодро дар донишгоҳ ошкор карданд.