Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ сокини Душанберо барои тарғиби "Салафия" зиндонӣ карданд

навшуда

Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Як додгоҳи Душанбе 9 сокини маҳаллаи “Дарвоз” дар ин шаҳрро бо гуноҳи ифротгароӣ ва таъсиси созмони ифротгаро ва пинҳон доштани ҷиноят ба мӯҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кардааст.

Як додгоҳи Душанбе 9 сокини маҳаллаи “Дарвоз” дар ин шаҳрро бо гуноҳи ифротгароӣ ва таъсиси созмони ифротгаро ва пинҳон доштани ҷиноят ба мӯҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кардааст. Ба қавли муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ ин афрод дар байни мардуми маҳалаашон ақидаҳои ҷараёни Салафия, як равияи тундгарои исломро тарғиб мекарданд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон онро мамнӯъ эълон кардааст.

Чанде аз хешовандони маҳкумшудагон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар муҳокима дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки рӯзи 17-уми июн сурат гирифт, додрас 5 нафарро ба ифротгароӣ, таъсиси созмони ифротгаро ва барангехтани адовати диниву мазҳабӣ гунаҳкор дониста, аз панҷ то ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст. Чаҳор нафари дигар ба қавли мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ барои пинҳон доштани ҷиноят ва ё огаҳ накардани мақомоти интизомӣ аз ҷиноят ба 8 моҳи таҳаммул дар зиндон маҳкум шудаанд.

Хешовандонашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гумонбарон ба ба ҷиноят иттиҳомотро рад карда, гуфтаанд, ки пайрави “Салафия” нестанд. Дар умум дар парвандаи ҷиноии афроди маҳкумшуда дар рӯзи 17-уми июн номи 17 нафар зикр шудааст, ки ба қавли муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон “аз аъзои ҷараёни динӣ-экстремистии “Салафия” мебошанд ва пайваста миёни сокинони маҳалла фикру ақидаҳои ин ҷараёнро ташвиқу тарғиб менамуданд."

Дар парванда омадааст, ки ҳашт нафари дигари муттаҳам ба ҷиноят ё дар Русия қарор доранд ва ҷойи иқоматашон маълум нест. Бисёре аз ин афрод, ки зодагони ҷамоати Язгулом ҳастанд, дар моҳи марти имсол дар маҳаллаи “Дарвоз” дар Душанбе дастгир шуданд.

Муттаҳамон ба ҷиноятро моҳи марти имсол дар маҳаллаи зисташон дастгир карданд ва он замон гузориш мешуд, ки теъдоди боздоштшудагон на камтар аз 20 нафар аст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз замон то кунун хабари расмие дар ин бора нашр накардаанд ва ҳам нагуфтаанд, ки сокинони маҳаллаи “Дарвоз”, ки аксаран ҷавононанд ба чӣ муттаҳам мешаванд.

Аммо дар парвандаи ҷиноии гурӯҳи 9 нафарӣ омадааст, ки онҳо бар иловаи тарғиби ҷараёни салафия сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекарданд, ки мухолиф ба дин аст.

Дар парванда омадааст: “Номбурдагон шахсонеро, ки барои намозгузорӣ ба масҷид ташриф меоварданд, сарзаниш намуда, иброз менамудаанд, ки хондани намоз дар масҷидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст нест, чунки муллоҳо ҳама дарборӣ буда, дар бораи сиёсати дохилию хориҷӣ ва дигар пешравиҳои ҳукумати Раҳмонов суханронӣ мекунанд ва ба халқ асли динро намеомӯзонанд.”

Зоҳиран бо назардошти ҳассосияти мавзӯъ, вакилони дифои муттаҳамон ба ҷиноят ҳам то кунун дар бораи назари зерҳимояҳои худ чизе нагуфтаанд. Ҳамаи боздоштшудагон зодагони Язгулом -- ҷамоате дар ноҳияи Ванҷ ҳастанд, ки дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва бори аввал нест, ки ба таври гурӯҳӣ боздошту зиндонӣ мешаванд. Моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи олӣ 31 сокини ҷамоатро бо гуноҳҳои гуногун, аз ҷумла узвият дар созмони тундрави “Ансоруллоҳ” аз 2 то ба 23 сол зиндон маҳкум кард.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ пайваста ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ҳуқуқи мардум ва бахусус ҳуқуқи мазҳабии мардумро поймол мекунад.

Кумиссиюни байнулмилалии Амрико дар бораи озодиҳои динӣ ҳам ҳар сол Тоҷикистонро барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи мазҳабии мардум танқид карда ва онро дар радифи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ҷой додааст.

XS
SM
MD
LG