“Эко таксӣ”, яке аз ширкатҳои мусофирбарӣ дар Тоҷикистон дар вокуниш ба як гузориши Радиои Озодӣ гуфтааст, ки тамоми ҳуқуқи ронандагонро риоят мекунад ва иддаоҳо дар бораи беэътиноӣ ба ҳаққи онҳо асос надорад.
Дар вокуниши расмӣ ва катбии “Эко таксӣ”, ки рӯзи 17-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, иддаои ронанда Бахтиёр Иброҳимов дар бораи онки ҳар рӯз бояд 100 сомонӣ ба ширкат бипардозанд, асос надорад. Ин ронанда дар як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи кори ширкатҳои таксӣ дар Душанбе гуфт, ки аз масъулони ширкат пурсидаанд, ки “яке бемор шавад, ё ягон касалӣ дошта бошад, чӣ мешавад? Гуфтанд, ки фарқ надорад, ҳар рӯз 100 сомонӣ бояд пардохт кунем”.
Дар номаи “Эко таксӣ” ба унвони Радиои Озодӣ омадааст, “сухани ронанда дурўғ буда, ҳақиқат надорад”, чун агар касе бемор шуд, метавонад, муолиҷа бигирад ва сипас фаъолияти худро идома диҳад. Айни замон ба гуфтаи ширкат, онҳо бо чунин фарде қарордодӣ корӣ надоранд аз ин рӯ доир ба мушкили ӯ чизе гуфта наметавонанд.
Чанде пеш Радиои Озодӣ дар бораи фаъолияти ширкатҳои мусофирбарӣ гузорише омода кард, ки дар он ронандагони таксӣ дар Душанбе изҳори нигаронӣ доштанд, ки чаҳор ширкати дорои иҷозаи мусофирбарӣ бо онҳо барои идомаи кор рафтори ноодилона доранд. Ҳукумати Душанбе аз ин пештар танҳо ба чаҳор ширкати мусофирбарӣ квота ё иҷозаи таксиронӣ дар ҳудуди пойтахтро дод ва яке аз онҳо “Эко-Таксӣ” аст.