Дар чанд ҷумла
Ҳушдор аз чангу хокбориш дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинонро аз ҳавои пурчангу хок огоҳ кардааст.
Ба навиштаи сомонаи кумита, пешбиниҳои вазъи обуҳаво дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзҳои 11-13 сентябр ин аст, ки "бар асари тағйири обу ҳаво дар навоҳии марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст". Хокбориш аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбии ҳаммарз бо Тоҷикистон таҳдид мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш бисёр манотиқи Тоҷикистон бо боришоту селобҳои зиёде дастбагиребон буданд ва дар натиҷа, дастикам 21 нафар ҷони худро аз даст доданд. Бархе ҷасади кушташудаҳои селҳои ахир то ҳол ҷустуҷӯ мешаванд.
Тағйириоти ҳаворо ба номусоидии иқлим рабт медиҳанд, ки натиҷаи торафт гармтар шудани ҳарорати сайёра мебошад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Чину Тоҷикистон як барномаи муҳими дигар имзо кардаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чинии худ Си Ҷинпин дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба гуфтӯгу кардаанд. Мулоқот рӯзи 17 июн дар ҳошияи нишасти “Осиёи Марказӣ-Чин” дар шаҳри Остона сурат гирифтааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки “дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.” Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз рушди ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад ва ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ кор мекунанд.
Тоҷикистон бо Чин, бо яке аз қудратҳои азими иқтисодии ҷаҳон тақрибан 500 километр марзи муштарак дорад ва солҳои ахир барои сармоягузориву тиҷорат бештар ба он рӯ овардааст. Пойбандии кишвар ба Чин сол ба сол сахттар мешавад ва ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон дар оянда пойбанди амру иродаи сиёсии Чин мешавад. Айни замон Душанбе аз Пекин 820 миллион доллар қарздор аст.
Ду тараф ҳамчунин ҳамкориҳои амниятии зиёд доранд. Ба навиштаи Эдвард Лемон ва Руслан Норов ду таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон “барои Чин як тарҳи ибтидоии тақвияти нуфуз дар як кишвар аст ва мумкин аст, Чин онро барои айни кор дар кишварҳои дигар истифода барад.”
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки байни ҳайатҳои ду кишвар шаш созишнома аз ҷумла “Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030” имзо шудааст.
Дар ҳамлаи Исроил ба бинои телевизиони Эрон 3 тан кушта шуданд

Шабакаи "Хабар"-и телевизиони Эрон хабар дод, ки шумори қурбониёни ҳамлаи ҳавоии Исроил ба бинои марказии Садо ва Симо дар Теҳрон, ба се нафар афзоиш ёфт.
Шабакаи "Хабар" нафари дувумро "Нимо Раҷабпур", сардабири ахбор, муаррифӣ кард ва афзуд, вай бар асари ҷароҳатҳо дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил ҷон бохт. Садо ва Симои Эрон ҳанӯз шахсияти нафари севумро эълон накардааст.
Пештар гузориш шуда буд, ки Маъсума Азимӣ, як корманди идории Садо ва Симо, бар асари ин таркиш кушта шудааст.
Шоми 16 июн бинои марказии Садо ва Симо, ки бо бинои "шишаӣ" маъруф аст, чанд соат пас аз ҳушори Исроил барои холӣ карди бахшҳое аз минтақаи сеи шаҳри Теҳрон, ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Дар ин ҳамла табақаҳои севум ва чорум ҳадаф қарор гирифтанд ва бино оташ гирифт. Лаҳзаи ҳамла мустақиман аз студияи шабакаи "Хабар" ба таври зинда пахш шуд.
Бархе аз созмонҳои ҷаҳонии ҳомии хабарнигорон ва озодии баён, ин ҳамлаи Исроилро маҳкум карданд.
Толибон рафтани ҷавондухтарон ба бозори марзии Тирмизро манъ кардаанд

Гурӯҳи "Толибон", ки қариб чор сол боз зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст дорад, рафтани занони то 40-соларо ба бозори наздисарҳадии Тирмиз манъ эълон кард.
Дар ин бора телевизиони Amu.tv бо такя ба сокинону фурӯшандаҳо хабар додааст.
Як тоҷири афғон гуфтааст, ки бо манъи вуруди ҷавондухтарон, ҳаҷми фурӯш ва тиҷорати онҳо коҳиш ёфтааст.
Толибон расман дар бораи манъи вуруди ҷавондухтарон ба бозор изҳори назар накардаанд.
Маркази байналмилалии савдои Тирмиз дар марзи Узбакистон ва Афғонистон соли 2022 ифтитоҳ ёфт. Марказ дорои мағозаҳову маркази тиббӣ, тарабхонаҳову минтақаҳои истеҳсолӣ аст.
Шаҳрвандони Афғонистон метавонанд бидуни раводид аз он дидан кунанд ва 15 рӯз дар он ҷо бимонанд.
Соли 2024 Толибон аз Узбекистон хоста буданд, ки дар Тирмиз мусиқӣ нанавозанд ва ё дар акси ҳол вуруди шаҳрвандони худро ба бозор манъ мекунанд.
Гурӯҳи "Толибон" баъд аз бозгашти дубора ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, нахуст мактабҳои духтарони болотар аз синфи шашумро баст ва сипас дарҳои донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олиро низ ба рӯи занон ва духтарон пӯшид.
500 ҳазор сомонӣ мукофот. Ҷустуҷӯи Маликаву Сабина идома дорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши хабарномае гуфт, ҳар касе, ки барои пайдо намудани Малика ва Сабина Араловаҳо маълумоти дуруст ва аниқ диҳад, дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад.
Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 25 марти соли 2013, замоне ки аввалӣ 5 ва дувумӣ 4,5 сол доштанд, аз назди хонаашон дар атрофи фурӯшгоҳи "Садбарг" дар Душанбе гум шуданд.
"Таҷрибаи корӣ собит намуд, ки саҳми шаҳрвандон дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ, дарёфт намудани шахсони бедаракгашта ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ниҳоят арзишманд мебошад",-гуфта шудааст дар эълони ВКД.
Гум шудани ин ду духтар дар соли 2013 ҷомеаи Тоҷикистонро шигифтзада кард. Ҳатто раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳодисаи нопадидшавии Малика ва Сабина изҳори нигаронӣ карда, ин ҳодисаро "ҷинояти доғдоркунандаи миллат", унвон карда буд.
Улуғбек Аралов, падари Маликаву Сабина чанд сол қабл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тӯли ин солҳо умеди пайдо кардани онҳоро аз даст надода ва ҳамеша бо мақомот ҳамкорӣ мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон аз мусодираи 178 килограм афюну ҳашиш хабар доданд

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи панҷ нафарие хабар дод, ки ба қавли кумита 180 килограм маводи мухаддирро аз Афғонистон қочоқ кардаанд ва мехостанд, ба хориҷ бурда фурӯшанд.
Дар баёнияи расмии кумита, ки хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 16-уми июн нашр кард, омадааст, маъмурони амниятӣ ва марзбонони тоҷик аз қочоқи 178 килограму 845 грам ҳашиш ва афён дар минтақаи Дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешгирӣ кардаанд.
Қисми зиёди ин маводи мухаддир, яъне 139 бастаро ро аз дохили таксӣ пайдо кардаанд, ки гӯё ба ширкати “3333” тааллуқ доштааст. Дар баёния омадааст, ки ҳангоми амалиёти тафтишотӣ, Бобоҷони Абдулҳақ, сокини 34-солаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Акбари Ҳиҷрат шаҳрванди 31-солаи Афғонистон ва муқими шаҳри Ваҳдат ва сипас се сокинони дигари ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин ду ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистонро дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд дастгир кардаанд.
Дар баёния омадааст: “Дар рафти бозпурсии Бобоҷони Абдулҳақ муайян карда шуд, ки номбурда ин миқдор маводи мухаддирро аз қочоқбарон афғон ба маблағи 20 000 доллари амрикоӣ дастрас намуда, мақсад доштааст тавассути ҳаммаслакони ҷиноятии худ онро ба шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва баъдан ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.” Дар баёния гуфта нашудааст, ки ин афродро кай дастгир кардаанд.
Тоҷикистон, ки марзи бештар аз 1300 километрӣ бо Афғонистон дорад, яке аз роҳҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба хориҷ аз Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Солона дар кишвар садҳо килограм афюну тарёку ҳашиш ва ҳероин кашфу мусодира мешавад ва даҳҳо нафар ҳам барои қочоқи ин мавод паси панҷара мераванд.
Русия ҷасади 1200 сарбози Украинаро ба ватанашон додааст

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия ҷасадҳои 1200 сарбози кушташудаи кишварро ба онҳо супурдааст.
Идораи ҳамоҳангсози муносибат бо асирони ҷангӣ дар Украина рӯзи 16-уми июн гуфт: “Ба Украина 1200 ҷасадро баргардонданд, ки ба гуфтаи ҷониби Русия шаҳрвандони Украина ва аз ҷумла сарбозон ҳастанд.” Дар як ҳафтаи гузашта, Русия дар умум 4800 ҷасади сарбозони украиниро ба ватанашон бозгардондааcт. Русия дар рӯзи аввал 27 ҷасади сарбозонашро бозпас гирифтааст.
Созиш барои табодули ҷасадҳои сарбозон рӯзи дуюми июн дар Истанбул ҳосил шуд. Мақомоти Русия он замон гуфтанд, ки ҷасади 6 ҳазор сарбози Украинаро ба ватанашон месупоранд. Мақомоти Русия ҳафтаи оянда гуфтанд, ки омодаи табодули ҷасадҳо ҳастанд ва айни замон Украинаро ба он муттаҳам карданд, ки раванди табодулро ба дарозо мекашад.
Дар посух ба ин ҳукумати Украина гуфт, ки супурдани ҷасадҳо рӯзи 10-уми июн оғоз мешавад. То кунун байни ду тараф чаҳор бор табодули ҷасадҳо сурат гирифтааст, вале теъдоди дақиқи онҳоро нагуфтаанд. Интизор меравад, ки ба ҳам супурдани сарбозони кушташуда то охири ҳафтаи оянда идома мекунад.
Остона мунтазири раҳбарони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ба шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон рафт ва қарор аст, рӯзи 17 июн дар ҳамоиши дуюми Чину Осиёи Марказӣ иштирок кунад.
Дар баробари раҳбарони кишварҳои дигари минтақа дар нишаст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ҳузур хоҳад дошт. Лин Ҷян, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 13 июн гуфт, дар ҷаласа раҳбарони кишварҳо дар бораи ҳамкориҳои Чину Осиёи Марказӣ ва вазъи нуқтаҳои доғ дар ҷаҳон ибрози назар мекунанд.
Чин барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ бо аҳолии 80 миллион нафарӣ бо Русия дар ҳоли рақобат аст. Осиёи Марказӣ дар доираи тарҳи стратегии “Як камарбанд – як роҳ” бо Чин ҳамкориҳои густурдае дар бахши иқтисоду боркашӣ ҳамкорӣ мекунад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар талоши кам кардани вобастагӣ аз Русия ва афзоиши ҳамкорӣ бо дигар шарикон мебошанд. Чин барои ин кишварҳо ҳоло муҳимтарин ҳамкори иқтисодӣ ва сармоягузори тарҳҳои азим аст. Ҳамоиши аввали ду тараф соли 2023 баргузор шуда буд.
Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми футзали Осиёро мизбонӣ мекунад

Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳашт кишвар – Тоҷикистон, Тайланд, Кувайт, Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Мянмар, Малайзия ва Чин - мизбонӣ мекунанд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026, ки аз 20-ум то 24-уми сентябр баргузор мешаванд, дар маҷмуъ 31 даста ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим мешаванд: ҳафт гурӯҳ аз чаҳор даста ва як гурӯҳ аз се даста иборат хоҳанд шуд.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли оянда дар Индонезия доир мегардад, роҳ меёбанд.
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ рӯзи 26-уми июн маълум мешаванд.
Туркманистон барои берун шудани хориҷиён аз Эрон кӯмак мерасонад

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар додааст, ки барои баромадани хориҷиён аз Эрон кӯмак мерасонад.
Ин ниҳод 16-уми июн дар хабарномае навишт, то имрӯз ҳудуди 120 нафар шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Руминия ва дигар кишварҳо, тавассути гузаргоҳҳои Туркманистон аз Эрон баромаданд.
"Онҳое, ки омадаанд, бо нақлиёт, хурокворӣ, меҳмонхонаҳо ва чизҳои зарурии рузгор таъмин карда шуданд," омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Мақомоти Туркманистон гуфтаанд, баъд бад шудани вазъият дар Эрон, "чораҳои фаврӣ меандешад, то қаламрави худро барои хуруҷи дипломатҳои хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳо ва дигар шаҳрвандони феълӣ дар Эрон таъмин намояд.”
Субҳи 13-уми июн Исроил ба хоки Эрон ҳамла кард ва ин даргирӣ то имрӯз давом дорад. Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Мақомоти Эрон: дар ҳамлаҳои Исроил садҳо кас куштаву захмӣ шудааст

Мақомоти Эрон омори талафот дар пайи ҳамлаҳои Исроилро эълон карданд.
Ба иттилои Вазорати беҳдошти Эрон, дар ҳамлаҳои Исроил 224 эронӣ кушта шуда, беш аз ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Эрон иддао доранд, ки 90 дарсади кушта ва захмиён ғайринизомиён ҳастанд.
Дар ҳамин созмони Human Rights Activists in Iran, қароргоҳаш дар Амрико эълон кард, ки дар ҳамлаҳои Исроил ба Эрон зиёда аз 400 кас кушта шудааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Исроил мегӯяд, аз оғози низоъ бо Эрон 15 нафар кушта ва ҳудуди 400 исроилӣ захмӣ шудаанд.
Даргирӣ миёни Исроил ва Эрон вориди чорумин рӯзи худ шуд. Расонаҳои ду кишвар хабар доданд, ки субҳи 16-уми июн низ ҳамлаҳои ду тараф идома дошт.
Шоми якшанбеи 15-уми июн Эрон ба шаҳри Ҳайфо дар шимоли Исроил ва шаҳри Кирят Гат дар ноҳияи ҷануби ин кишвар бо мушак ҳамла кард. Инчунин расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки Эрон субҳи 16-уми июн низ ба сӯи Исроил мушак партоб кардааст.
Расонаҳои маҳаллии Эрон аз ҳамлаи Исроил ба чанд шаҳри ин кишвар, азҷумла Теҳрон ва Машҳад хабар доданд. Азҷумла ба як бинои Вазорати хориҷаи Эрон ҳамла шудааст.
Ин низоъ субҳи 13-уми июн бо ҳамлаи Исроил ба хоки Эрон оғоз шуд. Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Ароқчӣ: Эрон ҳамлаҳоро қатъ мекунад, агар Исроил ҳам ин корро кунад

Вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, кишвараш ҳамлаҳо ба Исроилро қатъ мекунад, агар исроилиҳо низ ҳамла ба Эронро бас кунанд.
Аббос Ароқчӣ 15-уми июн дар нишасте бо ҳузури намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон гуфт, Эрон намехоҳад даргирӣ ба дигар кишварҳо низ сироят кунад. Ароқчӣ афзуд, кишвараш танҳо худро муҳофизат мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба он муттаҳам кард, ки ба ҳамлаҳои Исроил мусоидат кардааст. Вашингтон ҳамагуна даст доштанашро дар даргириҳои ахир рад мекунад.
Аббос Ароқчӣ гуфтааст, ҳадафи Исроил аз ҳамла ба Эрон, халалдор кардани музокирот бар сари барномаи ҳастаӣ буд. Қарор буд даври навбатии музокироти Амрико ва Эрон 15-уми июн дар Уммон баргузор шавад. Баъди ҳамлаи Исроил, Теҳрон аз ширкат дар ин музокирот даст кашид.
Вазири корҳои хориҷии Эрон аз Амрико хост, ки амалкарди Исроилро маҳкум кунад. Аббос Ароқчӣ гуфт, Теҳрон омода аст, дар бораи насохтани силоҳи ҳастаӣ ба созиш расад, вале ин тавофуқ набояд Эронро аз ҳаққи доштани барномаи ҳастаӣ маҳрум созад.
Даргирӣ миёни Тел-Авив ва Теҳрон субҳи 13-уми июн ва бо ҳамлаи ногаҳонии Исроил ба таъсисоти ҳастаӣ ва мушакии Эрон оғоз шуд. Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил, фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорон ва чанд донишманди ҳастаӣ кушта шуданд.
Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намуда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Дар садамаи Боинг дар Ҳиндустон 274 кас ҳалок шудааст

Шумори қурбониёни садамаи ҳавопаймои Боинг дар Ҳиндустон ба 274 кас расид. Дар ин бора шабакаи NDTV бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Дар миёни қурбониён 241 нафарашон мусофир ва ҳайати парвози ҳавопаймо ва 33 каси дигар дар замин будаанд. Ҳавопаймо ба болои бинои коллеҷи тиббӣ афтид. Дар онҷо 10 пизишк ва аъзои оилаашон ҳалок шуданд.
Пештар мақомоти Ҳиндустон пайдо шудани 270 ҷасадро тасдиқ карда буданд.
Дар ин ҳодиса фақат як мусофири ҳавопаймо зинда мондааст.
Ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner рӯзи 12-уми июн аз Аҳмадобод ба Лондон бояд парвоз мекард, баъди чанд дақиқаи аз замин боло шудан суқут кард. Дар наворҳо дида мешавад, ки баробари ба замин бархурдан ҳавопаймо метаркад.
Мақомоти Ҳиндустон гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ҳанӯз сабаби сарозер шудани ҳавопаймо дақиқ нашудааст.
Трамп ва Путин гуфтаанд, даргирии Эрон ва Исроил бояд тамом шавад

Роҳбарони Амрико ва Русия 14-уми июн телефонӣ гуфтугӯ кардаанд. Ин панҷумин суҳбати телефонии Доналд Трамп ва Владимир Путин аз замони бозгашти Трамп ба Кохи Сафед аст.
Дар бораи ин суҳбат нахуст Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия хабар дод. Дертар Доналд Трамп ҳам ин хабарро дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social нашр кард.
Ба гуфтаи Ушаков, суҳбат 50 дақиқа идома кард. Путин Трампро ба зодрӯзаш табрик кардааст. Доналд Трамп рӯзи 14-уми июн 79-сола шуд.
Трамп ва Путин дар бораи ҷанги Украина ва вазъият дар Ховари Миёна гап задаанд. Юрий Ушаков мегӯяд, Путин амалиёти Исроил алайҳи Эронро маҳкум карда гуфтааст, он “нигарониҳои ҷиддиро аз густурда шудани ҷанг” бештар кардааст.
Ба гуфтаи Ушаков, ҳарду президент бозгашт ба музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Эронро "истисно накардаанд."
Доналд Трамп навиштааст, бахши асосии суҳбати ӯ бо Путин дар бораи Эрон ва Исроил буд ва ду тараф дар бораи ҷанги Украина камтар гап задаанд.
Трамп навиштааст, ки ӯ ва Путин бар сари ин масъала розианд, ки даргирии Эрон ва Исроил бояд тамом шавад. Раиси ҷумҳури Амрико навиштааст, ӯ ба Путин гуфт, ҷанг дар Украина ҳам бояд поён ёбад.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон музокироти ҳастаиро "бемаъно" хонд

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, идомаи гуфтугӯҳои ҳастаӣ "бемаъно" аст. Ӯ бо ишора ба музокироти ҳастаӣ байни Теҳрон ва Вашингтон гуфт, ки пас аз ҳамлаҳои Исроил ба Эрон, "тарафи муқобил коре кард, ки гуфтугӯ бемаъно шуд".
Эрон ва Амрико то кунун панҷ даври музокироти ҳастаӣ баргузор кардаанд ва бар асоси эълони пешакӣ, қарор аст даври шашум рӯзи 15 июн дар Масқат, пойтахти Умон, баргузор шавад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пеш аз ин гуфта буд, ки ба ин бовар аст, ки ҳамлаи густурдаи Исроил ба Эрон эҳтимоли даст ёфтан ба созиши ҳастаии Амрико ва Эронро афзоиш додааст.
Раисҷумҳури Амрико дар посух ба ин суол, ки оё ҳамлаи Исроил дипломатияи ҳастаии ӯро ба хатар андохтааст, гуфт, "фикр намекунам, шояд баръакс. Шояд ҳоло онҳо ҷиддӣ музокира кунанд".
Ҳамчунин Доналд Трамп рӯзи ҷумъа дар як мусоҳибаи телефонӣ бо хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки маълум нест Эрон пас аз ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар, оё ҳанӯз барномаи ҳастаӣ дорад ё не.
Трамп ҳамчунин афзуд, ки Амрико ҳамчунон гуфтугӯи ҳастаӣ бо Эронро барои рӯзи якшанбе барномарезӣ кардааст, аммо мутмаин нест, ки оё ин музокирот баргузор хоҳад шуд ё не. Ӯ айни замон бори дигар таъкид кард, ки барои мақомоти Эрон ҳанӯз дер нашудааст, то тавофуқе анҷом диҳад.
Як шаҳрванди Русия барои нашри хабарҳо дар бораи "Крокус" ҷарима шуд

Додгоҳе дар Санкт-Петербург як шаҳрванди Русияро барои нашри хабарҳое, ки ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"-ро "сафед" мекард, 600 ҳазор рубл ҷарима кардааст.
Николай Конашенко, муаллифи хабарҳое, ки ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"дар вилояти Маскавро сафед мекард, 600 ҳазор рубл ҷарима ва барои ду сол аз мудирияти сомонаҳо маҳрум карда шуд.
Дар наворе, ки Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Санкт-Петербург нашр кардааст, боздоштшуда иқрор шудааст, ки дар шабакаи "Фейсбук" ҳамлаи террористӣ дар "Крокус"-ро сафед кардааст.
Ин бори аввал нест, ки як нафарро барои сафедкунии ҳамла ба "Крокус" ҷазо медиҳанд. Моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Баҳодур Зуҳурови 26-солаи шаҳрванди Тоҷикистон низ бо гумони "сафедкунии терроризм", боздошт шуд.
Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ӯ дар як замимаи гуфтугӯии шабакаи "Телеграм" навори ҳамла ба "Крокус"-ро нашр кардааст, ки дар он аломатҳои сафедкунии терроризм дида мешаванд. Аммо феълан маълум нест, ки нисбати ӯ чӣ ҷазо таъин шуд.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус сити ҳолл" дар вилояти Маскав рӯзи 22 марти соли 2024 яке аз мудҳиштарин ҳамлаҳои террористӣ дар солҳои охир дар Русия дониста мешавад. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки иҷрокунандагони асосии ин ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон ва тарафдорони "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ мебошанд, ки гӯё бо фармоиши Украина ин корро кардаанд. Украина чунин иттиҳомҳоро рад карда, онро комилан беасос номидааст.