Бо афзоиши ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон, даъватҳо дар Теҳрон барои хуруҷ аз Паймони Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ (NPT) ва бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки яке аз роҳҳои муҳими нафт дар ҷаҳон аст, зиёд шудаанд.
Ҳамлаҳои Эрону Исроил ба ҳамдигар дар рӯзи 15-уми июн ҳам идома кард. Қарор аст, ин низоъ ва ҳам ҷанг дар Украина имрӯз дар мулоқоти раҳбарони ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон, мавсум ба гурӯҳи G-7 дар Канада баррасӣ шавад.
Ду муҳоҷири тоҷик, бародарон Саидакрам ва Умар Расулҷонзодаҳо, ки дар Русия ба гуноҳи ҳамла ва латукӯби кормандони пулис зиндонӣ шуда буданд, пас аз адои ҷазо ба Тоҷикистон баргаштанд. Мегӯянд, ба хато роҳ доданд, аммо пулиси Русия низ айбдор буд, ки чунин вазъиятро пеш овард ва онҳоро таҳрик дод.
Маъмурияти Доналд Трамп тарҳеро баррасӣ дорад, ки бар асоси он сафари шаҳрвандони боз 36 кишвар, азҷумла баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Иёлоти Муттаҳида маҳдуд мешавад. Дар ин бора рӯзномаи Washington Post баъди шинос шудан бо як санади Департаменти давлатии Амрико гузориш додааст.
Дар Қирғизистон мехоҳанд, сомонаҳои дорои маводи фаҳшо ё порнографӣ пурра баста шаванд. Порлумони ин кишвар матни аввалияи чунин тарҳро пазируфт.
Президенти Амрико Доналд Трамп мегӯяд, расидан ба созиш дар бораи хатми даргирӣ миёни Исроил ва Эрон осон аст, аммо ду душмани дерина ҳамлаҳои навро оғоз кардаанд. Дар як вақт Ҳусиҳои Яман ҳам, ки ҳимояи Эрон бархӯрдоранд, эълон карданд, ки ба сӯи Исроил мушак партоб кардаанд.
Ёфтҳои бештар