Ду муҳоҷири тоҷик, бародарон Саидакрам ва Умар Расулҷонзодаҳо, ки дар Русия ба гуноҳи ҳамла ва латукӯби кормандони пулис зиндонӣ шуда буданд, пас аз адои ҷазо ба Тоҷикистон баргаштанд. Мегӯянд, ба хато роҳ доданд, аммо пулиси Русия низ айбдор буд, ки чунин вазъиятро пеш овард ва онҳоро таҳрик дод.