Дар ҳамлаҳои мутақобилаи Исроилу Эрон дар рӯзҳои ахир ғайринизомиёни зиёде талаф ёфтаанд ва дар ин миён Теҳрон, пойтахти Эрон бештар аз дигар ҷойҳо осеб дидааст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, таъкид дорад ки нерӯҳои Исроил ғайринизомиёнро ҳадаф қарор намедиҳанд, аммо аксу видеоҳои паҳншуда аз Теҳрон ва дигар гӯшаҳои Эрон нишон медиҳад, ки вазъ бисёр бад аст.
Бар тибқи гузоришҳои расмӣ, дар ин кишвар беш аз 200 кас кушта шудаанд. Мақомоти Исроилӣ аз кушта шудани 24 нафар дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Эрон дар шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфа хабар додаанд.
Дар ҳар ду кишвар, шумори зиёде аз ғайринизомиён дар шароите қарор гирифтаанд, ки ҳеч коре аз дасташон барои тағйири он намеояд. Бар хилофи Исроил, дар Эрон расонаҳои мустақил бисёр кам аст, аз ин рӯ дар бораи зиндагии мардуми оддӣ дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ гузоришҳои каме нашр шудаанд.
Аксу видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хиёбонҳои Теҳронро пур аз мошинҳое нишон медиҳад, ки аз шаҳр хориҷ мешаванд ва дар роҳҳои дарозе дармондаанд. Мардум аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба иншооти атомӣ ва низомӣ ҳамчунин биноҳои истиқоматӣ, ки ба қавли Исроил маҳалли зиндагии мақомоти аршад ва донишмандони ҳастаӣ аст, аз пойтахт мегурезанд.
Бархе сокинон аз навбатҳои дароз дар бензинфурӯшиҳо, маҳдудият дар хариди маводи сӯхт хабар медиҳанд ва дар бораи камбуди маводи ғизоӣ дар шимоли кишвар, ки бисёре аз мардум ба онҷо мераванд. Бархе аз мардум вазъи худро ба Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ тавсиф кардаанд.
"Қатъан намехостам, писарам ҷангро бубинад"
Як модар аз нигаронии худ барои писари 10-солааш гуфт, ки ночор аст, ҷангеро дарк кунад, ки мафҳуми онро намедонад. Ӯ мегӯяд: «Нигарони писарам ҳастам. Чизе намегӯяд. Намегӯяд, ки метарсад, вале ҳамаи мо метарсем. Намедонам, чӣ кор кунам, куҷо равем."
Эрон баъди ҳамлаи Ироқ дар аҳди Саддом Ҳусайн дар соли 1980 таъми талхи як ҷанги вайронгареро чашидааст, ки ҳашт сол идома кард. Бисёре аз волидайни имрӯза дар Эрон, ки он ҷангро дар кӯдакӣ таҷриба кардаанд, ҳоло ҷанги наверо дар бузургсолӣ мебинанд.
Ин зан, ки монанди дигар касоне, ки бо Радио Фардо тамос гирифтаанд ва нахостанд, номашон фош шавад, гуфт: «Ҳеҷ вақт фикр намекардам, ки дар тӯли зиндагиям ду ҷангро бинам. Қатъан намехостам, писарам ҷангро бубинад.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тасвири эрониҳо аз зиндагӣ дар зери ҳамла
Зани дигаре дар Теҳрон барои муҳофизати фарзандаш аз садои таркишҳо роҳи дигареро пеш гирифтааст ва онро чунин тавзеҳ дод:
«Мо дар хона барои тамошои телевизион маҳдудият гузоштаем, аммо ин рӯзҳо телевизионро рӯшан мегузорам ва садоро баланд мекунам, то бачаам садои таркишҳои берунро нашунавад.»
Бисёре аз сокинони Теҳрон ба як вилоят дар шимоли Эрон фирор кардаанд, ки макони маъмулии истироҳат аст. Видеоҳои мунташирашуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мошинҳои танбашуда дар роҳҳо ба шимоли кишваро нишон медиҳад. Роҳҳои дигарро ҳам барои ҳаракат боз кардаанд, вале ин тадбир ҳам самар надодааст.
Як эроние, ки хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад ба Радио Фардо гуфт: «Аз модарбузургам хоҳиш кардем, шаҳрро тарк кунад, аммо ӯ видеоҳои танбашавии роҳҳо дидааст ва омодаи тарки хона нест. Пардаҳоро кашида ва мунтазири сарнавишташ аст.»
Хонаҳо ба паноҳгоҳ табдил шудаанд
Яке аз мушкилоти асосии Теҳрон, камбуди паноҳгоҳи бомб аст ва аз ҳамин сабаб талафот дар байни ғайринизомиён зиёд шудааст. Се рӯз тӯл кашид, то мақомоти эронӣ тасмим бигиранду истгоҳҳои метроро шабҳо боз нигоҳ доранд, то мардум ҳамчун макони амн аз ҳамлаҳо истифода баранд.
Як марди тақрибан 70-сола гуфт вақте шаб садои таркишҳои сахтро шунид ва бомбборон оғоз шуд, «намедонист, чӣ кор кунад». Вай гуфт: «Дар табақаи шашум зиндагӣ мекунам. Тасмим гирифтам зери тахт паноҳ барам.»
Як зане, ки ҷанги Эрон ва Ироқро (1980 то 1988) пушти сар гузоштааст, гуфт, бовар намекунад, ки дубора як давраи торике мисли он замон баргаштааст.
Вай гуфт: «Хеле тарснок аст. Ёдовари рӯзҳои талхи ҷанг, бомбборонҳо ва камбуди ғизо аст. Ҳама чизро дубора таҷриба мекунам. Изтироби зиёде дорам.» Ин зан меафзояд: «Фарзанди хоҳарам бисёр нигарон аст. Мудом гиря мекунад ва аз ман мепурсад, оё зинда мемонем?»