Сомон Маҳмадбеков дар аввалин рақобати худ дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон шикаст хӯрд

Сомон Маҳмадбеков. Акс аз бойгонӣ

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар рақобати аввали худ дар қаҳрамонии ҷудои қаҳон, ки дар шаҳри Будапешти Вонгрия (Маҷористон) ҷараён дорад, шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Сомони 26-сола дар рӯзи чаҳоруми мусобиқот – 16-уми июн – дар вазни то 81 кило бар асоси қуръакашӣ ба сабқат аз даври дуюм шуруъ кард. Рақибаш ҷудокори 25-солаи португолӣ Жоау Фернандо буд. Дар ҷараёни рақобат Фернандо як “юко” гирифт ва бо ҳамин имтиёз пирӯз шуд.

Дар ҳамин ҳол дстаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон, ки дар Будапешт то рӯзи 19-уми июн идома меёбад, бо ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) дар байни 93 кишвар дар ҷойи шашум қарор дорад.

Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 14-уми июн - Эмомалӣ Нуралии 23-сола, ки ҳоло ҷудокори рақами яки ҷаҳон дар вазни то 66 кило мебошад, бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард. Вай намояндаи Испания Нието Чинарро мағлуб намуда, дар ҳаштякфинал бар Важа Маргвелашвилии гурҷӣ дастболо шуд. Эмомалӣ дар чаҳорякфинал муқобили намояндаи Қазоқистон Гусман Қирғизбоев пирӯз гардид.

Эмомалӣ дар даври ниманиҳоӣ бар ҳамватани худ Обид Ҷебов ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт. Аммо вай дар финал аз Такеши Такеокаи 26-солаи ҷопонӣ мағлуб гашт.

Ба Эмомалӣ Нуралӣ медали нуқра тақдим гардид. Ин аввалин медали нуқра дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад.

Паҳлавони 27-солаи тоҷик Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд. Вай дар даври дуюм намояндаи Маҷористон Балинт Гомбасро шикаст дод. Обид дар ҳаштякфинал ба Рамазон Абдуллоев аз дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Ӯ дар чаҳорякфинал қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва чаҳоркаратаи ҷаҳон Ҳифуми Абеи 27-солаи ҷопониро шикаст дод.

Ҷебов дар даври ниманиҳоӣ аз Эмомалӣ Нуралӣ мағлуб шуд. Сипас ӯ Барои медали биринҷӣ бар Валиде Хяри 30-сола аз Фаронса ғалаба карда, медали биринҷӣ гирифт.

Бояд зикр намуд, ки ин сеюмин медали биринҷӣ дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон Расул Боқиев соли 2007-ум дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило ва нишони дуюми биринҷиро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило соли 2024 дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба даст овардаанд.

Дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт – 13-уми июн - паҳлавони 25-солаи тоҷик Меҳрзод Суфиев, ки дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Ҷонатан Чаронро аз Куба шикаст дод. Аммо Меҳрзод дар даври баъдӣ аз Ромаин Валиде Пикарди фаронсавӣ мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳруш гашт.

Дар рӯзи сеюми мусобиқот – 15-уми июн – ду варзишгари тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров - дар вазни то 73 кило рақобат карда, ноком шуданд.

Беҳрӯзи Хоҷазодаи 30-сола дар вазни то 73 кило дар даври аввал Арун Кумари ҳиндустонӣ, дар даври дуюм Бен Чалбиро аз Тунис мағлуб намуда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо вай дар ҳатякфинал аз Татсуки Ишиҳараи ҷопонӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Абубакр Шерови 22-сола, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб гашт.

Дарвоқеъ, дар вазни то 73 кило боз як тоҷикписар ҳунарнамоӣ карда, Имороти Муттаҳидаи Арабиро муаррифӣ намуд. Ин паҳлавони 25-сола Маҳмадбек Маҳмадбеков, писарамаки Сомон Маҳмадбеков мебошад. Вай пас аз пирӯзӣ бар гуштигирони Тайланд ва Муғулистон ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Аммо Маҳмадбек дар чаҳорякфинал аз ноиби қаҳрамони Бозиҳои олимпии Порис-2024, намояндаи Фаронса Ҷоан Бенҷамин Габаи 24-сола, ки баъдан қаҳрамони ҷаҳон шуд, шикаст хӯрд.

Маҳмадбек дар даври тасаллобахш бар Отари Квантидзе (Португалия) дастболо шуд. Сипас барои медали биринҷӣ бар Баҷсангур Багаҷев аз Сербия ғолиб омад. Маҳмадбек бори аввал бо медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон сарфароз гашт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон, ки дар пойтахти Маҷористон то рӯзи 19-уми июн идома хоҳад кард, 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари 6 қораи олам иштирок доранд.

Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт нуҳ варзишгар дар рақобатҳо байни мардон дар шаш вазн намояндагӣ мекунанд.

Боз се паҳлавони тоҷик - Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) - рақобат хоҳанд кард.

Натиҷаҳои қуръакашӣ бо иштироки се паҳлавони тоҷик:

-100 кг – Кароматулло Ҳакимов – Арман Адамян (IJF) – даври дуюм;
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов - ғолиби ҷуфти Сингҳ Автар (Ҳиндустон)/ Коусай Бен Чарис (Тунис) – даври дуюм;
+100 кг – Темур Раҳимов – Сеунгёб Ли (Кореяи Ҷанубӣ) - даври дуюм.

Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд. Тибқи дастури мусобиқот рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн байни мардон ва дар як вазн миёни занон доир мегардад. Рақобатҳои интихобӣ соати 14:00 ва ниҳоӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешаванд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешти Маҷористон дар шаш вазн (се вазн миёни мардон ва се вазн байни занон):

Мардон

60 кг
1. Рюҷи НАГАЯМА (Ҷопон)
2. Ромаин ВАЛИДЕ ПИКАРД (Фаронса)
3. Елк КАЗИРБЕК (Муғулистон)
3. Аюб БЛИЕВ (IJF)

66 кг

1. Такеши ТАКЕОКА (Ҷопон)
2. Эмомалӣ НУРАЛӢ (Тоҷикистон)
3. Обид ҶЕБОВ (Тоҷикистон)
3. Ҳифуми АБЕ (Ҷопон)

73 кг
1. Ҷоан-Бенжамин ГАБА (Фаронса)
2. Даниел ГАРГНИН (Бразилия)
3. Маҳмадбек МАҲМАДБЕКОВ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
3. Татсуки ИШИҲАРА (Ҷопон)

Занон

48 кг
1. Ассунта СКУТТО (Италия)
2. Ҳабиба АБУЖАКИНОВА (Қазоқистон)
3. Лаура АРТИНЕЗ АБЕЛЕНДА (Испания)
3. Ваканда КОГА (Ҷопон)

52 кг
1. Ута АБЕ (Ҷопон)
2. Дистриа КРАСНИҚИ (Косово)
3. Роза ГЙЕРТИАС (Маҷористон)
3. Маша БАЛЛҲАУС (Олмон)

57 кг
1. Этери ЛИПАРТАДИАНИ (Гурҷистон)
2. Момо ТАМАОКИ (Ҷопон)
3. Ширлин НАСИМЕНТО (Бразилия)
3. Сара Леони СИСИК (Фаронса)

Дар ҳисоби медалҳо Ҷопон бо касби 7 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Фаронса бо касби 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм мебошад. Италия ва Гурҷистон бо яктоӣ медали тилло мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд. Бразилия ва Тоҷикистон бо яктоӣ медали нуқра ва яктоӣ медали биринҷӣ мутаносибан ҷойҳои панҷуму шашумро касб кардаанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ - 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ - 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000-евроӣ (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ - 1,600 евро).