Маҷлиси Миллӣ ба барканории Юсуф Раҳмон ва Шоҳиён "ҳа" гуфт

Нишасти Маҷлиси Миллӣ. 3-юми феврали 2025

Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал, бо гузашти қариб ду ҳафта, пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барканории Юсуф Раҳмон аз мансаби додситони кул (прокурори генералӣ) пазируфт.

Ӯ 59-сола аст ва даҳ сол дар ин мақом кор кард.

Дар фармони президент аз 23-юми январ гуфта шудааст, ки Юсуф Раҳмон "ба вазифаи дигар гузашт", вале ҷойи нави кораш ҳанӯз маълум нест.

Аъзои Маҷлиси Миллӣ рӯзи душанбе розӣ шуданд, ки Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола додситони кулли Тоҷикистон шавад. Номзадии ӯро раисҷумҳур пешниҳод карда буд.

Воҳидзода аз моҳи январи 2024 то моҳи январи 2025 дар мақоми муовини додситони кул ва ҳамзмон додситони ҳарбӣ кор кардааст. Аз он пеш раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тағйирот дар Додситонӣ. Барканории Юсуф Раҳмон ва таъйини Ҳабибулло Воҳидзода

Бо қарори Маҷлиси Миллӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён низ расман аз мансаби раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Рустам Мирзозода таъйин шуд.

Шоҳиён 63-сола аст ва аз соли 2015 раёсати Додгоҳи олиро бар дӯш дошт. Ҳоло тибқи рӯйхати ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзад ба вакили порлумон шудааст. Интихобот моҳи март баргузор мешавад.

Рустам Мирзозода 50-сола аст ва аз соли 2022 то ин дам раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ буд. Дар гузашта дар мансаби раиси Додгоҳи вилояти Хатлон кор кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бозхонди Шоҳиён. Пешниҳоди номзадии Рустам Мирзозода

Маҷлиси Миллии Тоҷикистон 33 узв дорад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллист.