Хабарнигорони Рейтерс бо истифода аз наворҳои нави моҳвораӣ мегӯянд, дар гӯшаҳои гуногуни Теҳрон дуду оташ ба чашм мехӯрад. Хабаргузории ВАНА-и Эрон парвози мушакҳоеро аз Эрон нишон медиҳад, ки ба гуфтаи он дар манотиқи гуногуни Исроил, аз ҷумла Телавив, Ҳайфа ва Байтулмуқаддас бархӯрдаанд.
Бино бар наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, системаи дифои ҳавоии Исроил бо номи »Гунбади оҳанин» рахна шудааст ва сокинони Исроил таркиши даҳҳо мушакро дар мавзеъҳои гуногуни кишвар наворбардорӣ кардаанд.
Раҳбари рӯҳонии Эрон Алии Хоманаӣ рӯзи чоршанбеи 18 июн гуфт, “миллати Эрон таслим нахоҳад шуд ва амрикоиҳо бояд бидонанд, ки ҳар гуна мудохилаи низомии Амрико, бидуни шак, бо садамаи ҷуброннопазир ҳамроҳ хоҳад буд.”
Ин изҳорот посухи раҳбари Эрон ба президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп аст, ки шоми гузашта гуфт: “Мо осмони Эронро пурраву комил дар ихтиёр дорем. Эрон радёбҳои хуби осмонӣ ва дигар таҷҳизоти дифоии фаровон дорад, аммо бо "чизҳо"-и сохта, таҳия ва тавлидшудаи Амрико қобили қиёс нестанд. Ҳеҷ кас онҳоро беҳтар аз ИМА-и неку маҳбуб сохта наметавонад.” Трамп илова кард, ки Эрон бояд бе қайду шарт таслим шавад.
Ба ақидаи таҳлилгарон, ҷанги Исроил ва Эрон ба марҳилаи фарсоишӣ ворид шудааст ва эҳтимол меравад, дар соатҳои оянда Амрико тасмими ҳамроҳ шудан ба ин ҷангро бигирад.
Руслан Сулаймонов, коршиноси умури Ховари Миёна вуруди Амрикоро ба ҷанги байни Исроил ва Эрон “фалокати бузург” унвон мекунад. Ӯ гуфт: "Бо назардошти изҳороте, ки мо аз Исроил ва Иёлоти Муттаҳида мешунавем, як хатари воқеӣ вуҷуд дорад ва мо пурра дарк намекунем, ки роҳбарияти давлати яҳудӣ дар ниҳоят чӣ мехоҳад.
Оё ин танҳо аз байн бурдани барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ аст ё ин як тағйири режим? Дар ҳар сурат, намешавад ин эҳтимолро истисно кард. Ин як даҳшати бузург, як фалокати бузург хоҳад буд, аз ҷумла барои Кремл, ки вақтҳои охир дар арсаи байналмилалӣ шарикони зиёде надошт."
Коршинос меафзояд, Эрон ахиран яке аз таъминкунандагони асосии аслиҳа ва муҳимоти ҷангии Кремл буд ва дар ҳолати дахолати Амрико шикасти наве барои Русия дар Ховари Миёна пеш хоҳад омад, ҳамчунон шикасте, ки дар Сурия иттифоқ афтод. Аммо, мегӯяд Сулаймонов, Маскав аз ин вазъият ба манфиати худ истифода хоҳад кард, чун ҳама гуна низоъи бузурги дигар ба маънои коҳиши таваҷҷуҳи Аврупо ва Амрико ба ҷанги Украина аст.
Русия талош кард, миёнрави ҳалли низои Исроил ва Эрон шавад, ҳарчанд имкониятҳояш барои чунин нақш маҳдуданд, мегӯяд Серҳий Данилов, муовини раиси Маркази Тадқиқоти Ховари Миёна дар Киев. Вай ҳадс мезанад, ки ҷанг дар Ховари Миёна ба дарозо хоҳад кашид ва мумкин аст, вобаста ба захираҳои ду ҷониб то чанд ҳафта давом кунад.
Дар ҳарду ҷониб садои норозиён аз идомаи ҷанги фарсоишӣ торафт баландтар мешавад. Мухолифони режими исломии Эрон дар хориҷ низ паём медиҳанд, ки фурсати вожгунии низоми феълӣ расидааст. То куҷо идомаи ҷанг метавонад ба тағйири ҳукумат дар Теҳрон сабаб гардад?
Дар посух ба ин пурсиш Руслан Сулаймонов гуфтааст, алҳол чунин аломате дар Эрон ба назар намерасад: “Мардум танҳо аз вазъи худ ва хонаводаҳояшон нигаронанд. Гузашта аз ин дар пасманзари бомбаборони маҳаллаҳои маскунӣ ва марги мардуми зиёди осоишта, эҳсоси асосие, ки рӯ мезанад, интиқомҷӯист. Бисёре аз афроде, ки дирӯз мақомоти кунуниро шадидан танқид мекарданд ва онҳое, ки ин режими диниро куллан қабул надоштанд, ба пуштибонӣ аз амалкарди ҳукумати Эрон шурӯъ мекунанд, то Исроил зарар бинад ва ба Исроил зарбаи ҷавобӣ зада шавад."
Дар ҳоле ки хабаргузориҳо мегӯянд, эрониҳои зиёде талош доранд, кишвари худро тарк кунанд, марди эронин бо номи Исмоил умедвор аст, ки кор ба “ҷанги калон” нахоҳад кашид. “Амрико ва Аврупо тарафҳоро ба қатъи ҷанг маҷбур хоҳанд кард,” мегӯяд ӯ.
Як нуктаи дигар барои имрӯз, ба ақидаи Серҳий Данилов, ин аст, ки муносибати эрониҳо ба Русия дар ҳоли тағйир аст, “ки ҳамчун як ҳампаймон натавонист” барои Эрон коре бикунад.