Тими ҷавонони Тоҷикистон барандаи медалҳои биринҷии CAFA-2025 шуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими ҷавонони Узбекистон (U-20) пирӯз шуд, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) гардид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии футболбозони ҷавони Тоҷикистону Узбекистон шаби душанбеи 16-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 3500 тамошобин сурат гирифт.

Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Дар задани силсилаи пеналти бозигарони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 4:2 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2025 миёни тимҳои ҷавонони Қирғизистону Эрон рӯзи 17-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 19:00 оғоз меёбад.

Марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) бо ширкати шаш дастаи мунтахаби ҷавонони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон ва Узбекистон – доир гардид.

Пас аз ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон 4-имтиёзӣ ба даст оварданд. Ба далели беҳтар будани таносуби тӯбҳо бозигарони Қирғизистон дар гурӯҳи «А» зинаи аввалро ишғол карданд.

Ҳамакнун дар рақобати ниҳоӣ футболбозони ҷавони қирғиз бо тими Эрон, ки дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд, барои Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло мубориза мебаранд.